Хабарҳо

Пешниҳоди маърӯзаҳои навбатӣ дар кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ

ХОРУҒ, 24. 01. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дар доираи нақша чорабиниҳои донишгоҳӣ ин дафъа низ дар семенари илмӣ – методии кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалии факултети математика маърӯзаҳои зиёди пурмазмун аз тарафи омӯзгорон ироа шуда, таваҷҷӯҳи дигар устодони факултаҳои Донишгоҳро ҷалб намуданд.

Аз ҷумла, муаллимаи калони кафедраи болозикр Наврузмамадова Соҳибдавлат оид ба “Нақши математика дар ҳаёти инсон”, ассистентони ин кафедра Гуламадшоева Манзура ва Шогунбекова Ганҷина перомуни “Таҳия ва коркарди барномаи автоматикунонии маоши кормандон бо дарназардошти андоз”, инчунин ассистенти кафедра Шодибекова Шаҳноза вобаста ба “Тасвири ададии ахборот ба воситаи системаи ҳисоб” ва ассистент Бахронова Моҳирамо дар бораи “Таҷҳизоти дохилии компютер” баромад карданд.

Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои илмӣ аз ҷониби роҳбарияти ДДХ дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳӣ мақсаднок ба роҳ монда шудаанд.

www.khogu.tj

Log in

create an account