Хабарҳо

Семнари илмӣ – методӣ дар кафедраи биологияи умумӣ

ХОРУҒ, 23. 01. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Дар кафедраи биологияи умумии факултети биологияи ДДХ бо роҳбарии мудири кафедра Зартогул Хусравбекова семнари навбатии илмӣ – методӣ гузашт.

Ин навбат дар семинар ассистенти кафедраи болозикр Абдураҳимова Ошурмо дар мавзӯи “Бемориҳои сироятӣ ва воситаҳои пешгирӣ намудани он” маърӯза карда, инчунин оид ба бемориҳои сироятӣ, барангезандаҳои касалиҳои сироятӣ, хусусиятҳои фарқкунандаи бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ, роҳҳои гузариши бемориҳои сироятӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Муаллимаи калони кафедраи биологияи умумӣ Куканбекова Меҳразиз бошад перомуни “Экто ва эндопаразитҳои организми одам ва усулҳои муосири мубориза ба муқобили паразитҳо” маърӯзаи пурмӯҳтаворо ироа кард.

Ҳамзамон М. Куканбекова вобаста ба риояи талаботҳои санитарӣ – гигиенӣ, хусусиятҳои эпидемиологии организмҳои муфтхур ва дигар паҳлӯҳои асосии мавзӯъ маъулумот дод.

www.khogu.tj

Log in

create an account