Хабарҳо

Семинар – тренинг: “Психологияи оилавӣ”

ХОРУҒ, 15. 01. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дар асоси супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки омӯзгорони донишгоҳ семинар – тренинг оид ба “Психологияи оилавӣ” баргузор мегардад.

Семинарро муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев ҳусни оғоз бахшида, он ду рӯз идома меёбад ва дар фарҷоми он иштирокдоронро шаҳодатномаи (сертификат) роҳбарияти донишгоҳ интизор аст.

Дар чорабинӣ асосан мавзӯъҳои “Оила дар сохти институтҳои иҷтимоӣ”, “Равандҳои маърифатии шахс”, “Хусусиятҳои рӯҳии одам”, “Таёр намудани ҷавонон барои оиладорӣ”, “Робитаи оила бо мактаб”, “Олаи солим – асоси ҷомеаи шаҳрвандии намунавӣ”, “Тарбияи кӯдак дар оила”, “Тарбия ва психологияи оила” мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

www.khogu.tj

Log in

create an account