Хабарҳо

Чорабиниҳои илмӣ – техникии устодони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ

ХОРУҒ, 14. 01. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Муддати чанд сол аст, ки устодони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ дар ташкилу баргузории чорабиниҳои илмӣ – техникии Донишгоҳ ҳиссаи арзанда доранд.

Дар ин замина ҳоло устодони пуртаҷрибаи кафедра семинарҳои илмӣ – методиро роҳандозӣ намуда, ҳамарӯза омӯзгорони зиёд аз онҳо баҳра мегиранд.

Имрӯз, 14 январ саромӯзгори кафедраи болозикр Гулнора Шоидарвозова дар мавзӯи “История развития информатики и ЭВМ” баромад карда, ассистенти кафедра Ҳакима Сафдарқулова оид ба “XXI век – век информационной технологии. Информационные технологии: польза или вред” маърӯза намуд.

Ба таъкиди устодони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ чорабиниҳои илмию техникӣ бояд бештар бо усулу машғулиятҳои амалӣ – таҷрибавӣ гузаронида шаванд.

 www.khogu.tj

Log in

create an account