Хабарҳо

Семинари илмӣ – методӣ дар кафедраи филологияи англисӣ

ХОРУҒ, 14. 01. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Дар кафедраи филологияи англисӣ бо иштироки устодони факултети забонҳои хориҷӣ семинари илмӣ – методии омӯзгорон гузаронида мешавад.

Дар семинар ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, мудири кафедра Маҳбуб Раҷабеков ширкат намуда, барои бонатиҷа ва самаранок гузаштани чорабинии илмӣ ба ҳозирин муваффақият орзу намуданд.

Масъули семинар София Худобердиева қайд кард, ки соли равон семинари илмӣ – методӣ дар кафедраи филологияи англисӣ аз санаи 13 январ шурӯъ шуда, ҳамаи омӯзгорон бо омодагии комил ва фаъолона дар он ширкат доранд.

Имрӯз, 14 январ саромӯзгори кафедра Гулнисо Ошурбекова перомуни “reading through activities” бо ҳозирин семинар мегузаронад.

www.khogu.tj

Log in

create an account