Хабарҳо

Лоҳияи нави ДДХ ба кори худ оғоз кард

ХОРУҒ, 11. 01. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Лоҳияи “Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои бозори меҳнатдар доираи барномаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар ин бора Олга Сайфуллоева, муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии иттилоъ дода гуфт, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2019 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев тибқи Созишномаи грантии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ  ба роҳандозӣ намудани лоиҳаи болозикр оғоз карда буд.

Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат намудан ба сифати таҳсил, ноил шудан ба сатҳи баланди омодасозии донишҷўён, баланд бардоштани талаботи бозори меҳнат тариқи ҷорӣ намудани инноватсия дар раванди таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рўи фанни «экологияи минтақавӣ (барои минтақаҳои кўҳии Осиёи марказӣ)» мебошад.

Инчунин ҷузъҳои асосии амалишавии лоиҳа ба тариқи зайл муайян шуданд:

  1. Барпо намудани шароити муносиби таълими назариявӣ ва амалӣ, (озмоишгоҳҳои муосир, таҷҳизот, майдончаҳои таълимии таҷрибавӣ, бошишгоҳи таълимӣ ва дар раванди таълим ҷорӣ намудани технологияи системаи геоинформатсионӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз рўи фанни «Экологияи минтақавӣ»;
  2. Кор карда баромадани барномаи таълимӣ, модулҳои таълимӣ, брошюраҳо ва тавсияҳо аз рўи фанни «экологияи минтақавӣ (барои минтақаҳои кўҳии Осиёи Марказӣ)» мутобиқи стандартҳо ва талаботҳои бозори меҳнат;
  3. Кор карда баромадани механизми самараноки дар раванди таълим ҷорӣ намудани методология ва технологияи таълими фанни «экологияи минтақавӣ» бо истифода аз технологияи системаи геоинформатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ба тартибдарорӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил, тағйир додан, инъикос ва паҳнкунии нишондиҳандаҳои экологии фазоию мутобиқатӣ;
  4. Презентатсия ва муҳокимаи барномаи фаъолият оид ба амалигардонии лоиҳа, механизми ба роҳ мондани кори бошишгоҳҳои таълимӣ-саҳроӣ, кори гармхонҳо бо истифода аз чашмаҳои геотермалӣ, шиносоӣ бо методология ва технологияи кори системаи геоинформатсионӣ, инчунин иваз намудани таҷриба, ғоя ва усули кор карда баромадани нақшаҳои таълимӣ;
  5. Ташкил намудан ва ҷиҳозонидани бошишгоҳи навтарини таҷрибавӣ дар ҳудуди мавзеи Ҷелондеҳ, ҳамчун база барои гузаронидани таҷрибаомўзиҳои таълимӣ-саҳроӣ ва тадқиқотҳои таҷрибавии саҳроии ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва магистри факултети биология;
  6. Ҷиҳозонидани озмоишгоҳи махсусгардонидашудаи экологияи таҷрибавӣ барои гузаронидани корҳои амалӣ ва тадқиқотҳои таҷрибавии ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни факултети биология;
  7. Ҷиҳозонидани гармхонаҳо дар бошишгоҳи таълимӣ дар заминаи обҳои геотермалӣ (дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр) бо мақсади ташкил намудани парки технологии Донишгоҳи давлатии Хоруғ;
  8. Ҷиҳозонидани гармхонаҳо дар бошишгоҳи таълимӣ дар заминаи обҳои геотермалӣ (дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр) бо мақсади ташкил намудани парки технологии Донишгоҳи давлатии Хоруғ;

9.Ҷалб намудани мутахассисон ва экспертҳо аз ташкилотҳои ҳамроҳ: аврупоӣ (2 нафар) ва аз донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (3 нафар аз Институти химия ва технологияи химиявии АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон ва 3 нафар аз Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин) барои гузаронидани курсҳо, семинарҳо ва тренингҳо бо омўзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ (20 нафар), бакалаврҳо ва магистранҳои факултети биологияи донишгоҳ:

а)дар соҳили кўли Иссиқкул дар заминаи Институти химия ва фитотехнологияи АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон (соли 2020, дар давоми 20 рўз)

б) дар шаҳри Хоруғ ва деҳаи Ҷелондеҳ дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ (соли 2021, дар давоми 20 рўз).

10.Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гузаштани аккредитатсияи байналхалқии барномаи ихтисоси додашуда;

11.Гузаронидани конференсияи байналхалқӣ дар мавзўи «Нақши системаи маълумот дар ҳалли самараноки мушкилотҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии Помир» дар ДДХ бо ҷалби мутахассисон ва эксперҳои ташкилотҳои ҳамкор: аврупоӣ, донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, Институти химия ва технологияи химиявии АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон ва аз Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин) (дар охири барнома, 28-30 августи соли 2021 дар шаҳри Хоруғ)

Барои амалигардонии лоиҳа ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни факултети биология, инчунин экспертҳою  мутахассисони  донишгоҳҳо ва муассисаҳо дар асоси ҳамкорӣ ва шартномаҳо ҷалб карда шудаанд.

www.khogu.tj

Log in

create an account