Хабарҳо

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ДДХ ва Шурои олимон

ХОРУҒ, 30. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 30 декабр таҳти раёсати ректори Донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Шурои олимон баргузор гардид. Инчунин дар чорабинӣ муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраю шуъбаҳо ва устодону кормандони Донишгоҳ ширкат доштанд.

Нахуст Ш. Ҷонмамадов оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 ва муайян намудани самтҳои асосии рушди он барои солҳои минбаъда ҳисоботи пурра дод. Зикр гашт, ки ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар давраи ҳисоботӣ кору фаъолияти худро дар асоси қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои олимони Донишгоҳ ва дигар ҳуҷчатҳои соҳаи маориф ба роҳ монда, чиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин амалӣ намудани барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Тоҷикистон, низомномаҳо, дастуруламал ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи илм пиёда намуданд.

 Дар 20 кафедраи донишгоҳ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тибқи нақша иҷро гардида, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ машғуланд. Аз 329 нафар ҳайҳати омӯзгорони донишгоҳ 247 нафарашон ба иҷрои корҳои илмӣ - тадқиқотӣ машғул мебошанд. 

Айни ҳол дар донишгоҳ аз 329 омӯзгор 12 нафар докторони илм, 53 нафар номзади илм, як нафар Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ба кору фаъолият машғуланд.

Олимону омӯзгорони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар  соли 2019 дар ду китоб, ду монография,110 мақолаи илмӣ, як рисолаи докторӣ Мамадасламов М, се рисолаи номзадӣ (Раҳматуллоева Г., Хусравбекова З., Давлатбеков Ф.) ба табъ расониданд.

Оид ба таъсиси Шўрои диссертатсионӣ дар донишгоҳ қайд кардан зарур аст, ки  дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рудакӣ шўрои диссертатсионии муттаҳида барои дарёфт ва додани дарачаи илмии доктор аз рўи ихтисос PhD барои ихтисосҳои 6D020500 - Филология, 6D020300 - Таърих ва 6D010300 – Педагогика ва психология тибқи мактуби расмӣ №1/4-166 аз 3.04.2018 ва мактуби Вазири маориф ва илми ЧТ №09/1-601 аз 18.04.2018 барои баррасӣ ба КОА назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда шуд ва ҳозир ин масъала мавриди муҳокима қарор дорад. 

Яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи илми Точикистон, ин тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии баландихтисоси соҳаи илм ва маориф мебошад. Дар донишгоҳ  нақшаи дурнамои омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ барои солҳои 2018 - 2022 бо қарори Шурои олимони донишгоҳ аз 30.11.2018 № 3  тасдиқ карда шуд.

Дар соли хониши 2018 - 2019 дар шуъбаи магистратураи донишгоҳ 128 нафар  аз ин  миқдор 34 нафар ба тариқи шартномавӣ ва 94 кас аз ҳисоби буҷа ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Номгӯи мавзӯҳои рисолаҳои магистрии курсҳои аввал  ва роҳбарони онҳо дар Шӯрои олимони донишгоҳ аз таърихи 31.11.18. № 9 тасдиқ гардид. Баъди  пешниҳоди мақолаҳои илмӣ ва иҷрои нақшаҳои инфиродӣ магистрантони курси дуввум 59 нафар шуъбаи  мазкурро  хатм  намудаанд.

Дар соли хониши 2019-2020 бошад 68 нафар  дар  курси  аввал  ба  шуъбаи мазкур қабул гардиданд. Дар курси дуввум  бошад 59 нафар таҳсил менамоянд.

Роҳбарони  илмии магистрантони курси  аввал  ва мавзӯҳои  илмии  онҳо муайян гардида, дар курси дуввум даври аввали ҳимояҳои пеш аз дипломӣ гузаронида шуданд. Дар бахши докторантура аз рӯи ихтисоси PhD  бошад дар соли хониши ҷорӣ 6 нафар аз рӯи ихтисосҳои биология, филология ва таърих  қабул гардида,  роҳбарони илмӣ ва мавзӯҳо низ дар Шурои олимони донишгоҳ  тасдиқ карда шуданд.

Ҳоло дар бахши мазкур 10 нафар таҳсил менамоянд. Инчунин дар соли ҷорӣ панҷ нафар аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёт, биология, таърих бахши мазкурро хатм намуда, феълан дар арафаи банду баст ва анҷом додани рисолаи илмӣ мебошанд.

Сипас аъзоёни шӯро масъалаҳои ҷориро пешниҳод ва баъдан кабул намуданд.

Log in

create an account