Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН - САРЧАШМАИ ОБҲОИ ТОЗА

ХОРУҒ, 27. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018 -2028”дар толори хониши Донишгоҳ бо ибтикори кафедраҳои биоэкология ва туризму биологияи умумии факултети биология конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ зери унвони «Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тоза» баргузор гашт. 

Чорабинии илмиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ифтитоҳ намуда қайд кард, ки об дар Осиёи Марказӣ муҳимтарин унсури миллӣ ва амнияти минтақавӣ буда, он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарфа мегардад:

“Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар шаст соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯйиҳои илмӣ ин талабот то соли 2030 боз то 20 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард. Ҳамин аст, ки ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд”.

Хусравбекова Зартогул, муаллими калони кафедраи биологияи умумӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои санитарию эпидемиологии оби нӯшокӣ ” маърӯза карда гуфт, ки феълан мутахассисони Ташкилоти байнанмилалии тандурустӣ муайян намудаанд, ки миқдори зиёди касалиҳо дар ҷаҳон ба сифати бади об ва вайрон намудани меёрҳои санитарию эпидемиологии обтаъминкунии аҳолӣ вобастагӣ дорад. Ба ҳамаи чораҳои пешгирикунанда нигоҳ накарда, шумораи касалиҳои сироятие, ки ба воситаи об паҳн мешаванд, дар тамоми ҷаҳон роиҷанд. Теъдоди одамоне, ки дар дунё гирифтори касалии малерия шуданд 800 млн. нафар буда, инчунин ба бемориҳои трахома 500 млн. нафар, ба шистосомозоа 200 млн. ва 400 млн. нафари дигар мубталои гастроэнтерит гаштанд. Яъне ҳамасола аз касалии гастроэнтерит 4 млн. кӯдак ва 18 млн. калонсолони сайёра ҷонашонро аз даст медиҳанд.

Дар конференсия инчунин Холмамадов А., ассистенти кафедраи биоэкология ва туризм оид ба “Вазъияти экологии захираҳои обӣ ва мубориза бар зидди ифлосшавии ҳавзаи дарёи Панҷ”, Дустмамадова С., ассистенти кафедраи биологияи умумӣ перомуни “Мушкилоти норасоии оби нушокӣ ва оқилона истифодабарии он ”,Назарбекова Р, муаллимаи калони кафедраи биоэкология ва туризм вобаста ба  “Истифодабарии захираҳои обӣ барои рушд ва инкишофи туризм ва рекреатсия” ва  Симоилбеков А., ассистенти кафедраи биология дар мавзӯи  “Захираҳои обии Тоҷикистон - мушкилоти истифодабарии  оқилонаи онҳо” маърӯзаҳои ҷолибро ироа намуданд.

www.khogu.tj

 

 

Log in

create an account