Хабарҳо

ДОНИШГОҲИ САРЗАМИНИ “БОМИ ҶАҲОН”

Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз муосиртарин донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 5-уми августи соли 1992 таъсис дода шуд ва нахустин маротиба дар соли таҳсили 1992-1993-юм 200 нафар донишҷӯёнро дар ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) ба таҳсил фаро гирифт. Таъсиси донишгоҳи мазкур дар ҳаёти маданӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии на танҳо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, балки дар кулли кишвар рӯйдоди фараҳбахшу дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, ки дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги кишвар як санаи навро боз намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ иқдом ва хизмати раиси онвақтаи Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, доктори илмҳои таърих, шодравон Моёншо Назаршоев басо бузург аст. Бесабаб ҳам нест, ки баъдан ин донишгоҳ ба номи ин фарзанди барӯманд ва сарсупурдаи миллат гузошта шуд.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар даврони истиқлолият чун маркази илмӣ-маърифатӣ неруҳои зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат кард ва дар зарфи 27 соли фаъолияташ ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 10 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар бо ихтисосҳои педагогӣ хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар мактабҳои миёна, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои дохили кишвар ва берун аз он кор мекунанд. Феълан дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ 4199 нафар муҳассилин таҳсил менамояд, ки 5 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ба онҳо 337 нафар устодон, аз ҷумла 12 доктори илм, 53 номзад илм, 1 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 120 нафар аълочии маориф ва илм дарс мегӯянд.

Факултетҳо ва кафедраҳо

Донишгоҳи давлатии Хоруғ дорои 8 факултет — факултетҳои “Математика”, “Биология”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Илмҳои табиӣ”, “Таърих ва ҳуқуқ”, “Филология тоҷик”, “Иқтисод ва педагогӣ” буда, дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 48 ихтисос — 30 ихтисоси омӯзгорӣ ва 18 ихтисоси соҳавӣ, дар шуъбаи ғоибона аз рӯи 16 ихтисос — 10 ихтисоси омӯзгорӣ ва 6 ихтисоси соҳавӣ мутахассисони дорои маълумоти олии зинаи бакалавр, мутахассис, магистр ва аспирантро тайёр мекунанд. Муҳассилин дар кафедраҳои “Таҳлили математикӣ”, “Таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ”, “Тарбияи ҷисмонӣ”, “Забонҳои шарқ”, “Забони тоҷикӣ”, “Адабиёт ва санъат”, “Биоэкология ва туризм”, “Биологияи умумӣ”, “Фанҳои табиии илмӣ”, “Назарияи иқтисод”, “Менеҷмент ва маркетинг”, “Таърихи умумӣ”, “Таърихи халқи тоҷик”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Филологияи англис”, “Забон ва адабиёти рус”, “Фалсафа ва сиёсатшиносӣ”, “Педагогикаи равоншиносӣ”, “Методикаи таълими ибтидоӣ”, “Фанҳои муҳандисӣ” ҳаматарфа ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Низоми таҳсилоти кредитӣ ва дарсҳои амалӣ

Фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ дар асоси барномаҳо ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳо, ки дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад. Донишгоҳ аз соли 2012 қисман ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ шуруъ намуда, соли 2015 ҳамаи гуруҳҳои академикӣ пурра ба ин низом гузаштаанд. Бо мақсади пайвасти донишҳои назариявӣ бо амалия ва истеҳсолот, азхудкунии дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ донишгоҳ бо корхонаю ташкилотҳои вилоятӣ алоқаи мустаҳкам барқарор намудааст. Дар пойгоҳи лабораторияи хоҷагии оби вилоят, ширкати «Помирэнерҷӣ», Пажуҳишгоҳи биологии Помир, Боғи ботаникии Помир, беморхонаи вилоятӣ, идораи стандартизатсияи давлатӣ, ширкати «Ҷамаст», экспедитсияи геологии «Помир» ва дигар муассисаҳои шаҳру вилоят таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ гузаронида мешавад.

Пойгоҳи моддӣ — техникӣ

Системаи омӯзиш, шаклу усулҳои таълим дар донишгоҳ бо талаботи давраи бозорогонӣ мунтазам такмил ёфта, утоқҳо бо таҳҷизоту техникаи навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истифодаи самарабахши омӯзгорону донишҷӯён ду маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим, чор синфхонаи таълимии компютерӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, як маркази Интернетӣ, се маркази технологияи инноватсионӣ ва ду китобхонаи махсусгардондашудаи электронӣ, як синфхонаи лингофонӣ ва ҳашт лабораторияи таълимӣ фаъолият менамоянд.

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ

Дар  20 кафедраи донишгоҳ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  тибқи нақша иҷро гардида, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ машғул мебошанд. Аз 337 нафар ҳайҳати омӯзгорони донишгоҳ  247 нафарашон ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Олимону  омӯзгорони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар  соли 2019 дар ду китоб, ду монография, 110 мақолаи илмӣ, як рисолаи докторӣ  ба табъ расониданд.

Оиди таъсиси додани Шўрои диссертатсионӣ дар донишгоҳ      қайд кардан зарур аст, ки  дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии  Кулоб ба номи Абуабдуллои Рудаки шўрои диссертатсионии муттаҳида барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктор аз рўи ихтисос PhD барои ихтисосҳои 6D020500 - Филология, 6D020300 - Таърих ва 6D010300 – Педагогика ва психология тибқи мактуби расмӣ №1/4-166 аз 3.04.2018 ва мактуби Вазири маориф ва илми ҶТ №09/1-601 аз 18.04.2018 барои баррасӣ ба КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешкаш карда шуд ва айни ҳол ин  масъала  мавриди муҳокима қарор дорад. 

Танҳо соли ҷорӣ чор нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадӣ ва як нафар омузгор рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Аз рӯи ихтисоси доктор PhD аз рӯи ихтисоси филология, таърих ва биология 10 нафар таҳсил карда истодаанд. Дар шуъбаи магистартура 127 магистрантон ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли ҷорӣ 65 нафар магистрант магистратураро бомуваффақият хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият карда истодаанд. Дар соли ҷорӣ 65 нафар омӯзгорони донишгоҳ аз курси такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар гузаштанд.

Хобгоҳ

Донишгоҳ дорои ду хобгоҳи донишҷӯён буда, онҳо барои 672 нафар пешбинӣ шудаанд ва нархи миёнаи хобгоҳҳо дар як сол 600 сомониро ташкил медиҳад. Раёсати донишгоҳ ба 16 нафар донишҷӯи ятими кулл ва се нафари сокинони шаҳр, ки ба донишгоҳ вобаста шудааанд, кӯмаки пулии яквақта расонида, онҳоро бо хобгоҳ таъмин менамояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди минбаъдаи донишгоҳ сохтмони бинои асосии таълимии донишгоҳро маблағгузорӣ намуд, ки он моҳи октябри соли ҷорӣ оғоз ёфт ва баъди ба истифода додани он ҳам шумораи синфхонаҳои комилан муосир ва ҳам ҳуҷраҳои хобгоҳ бештар хоҳанд шуд.

Чорабиниҳои илмию техникӣ

Дар соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев чорабиниҳои илмии сатҳашон гуногун баргузор гардидаанд. Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони ”Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ”, “Захираҳои обиии Тоҷикистон ва роҳҳои истифодабарии онҳо” дар Кафедраи Биоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, конфронси илмӣ - амалӣ бахшида ба 120 - солагии қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шотемур, конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Назира, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф. Шарофзода Гавҳар, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ‎Ҳабибулло Амирбекзода, Назарзода Р. — муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз — ноиби президенти АИ ҶТ ва бо ширкати дигар олимони муассисаҳои олии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ чорабиниҳо гуногун гузаронида шуданд.

Лоиҳаҳо

Дар соли 2019 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз рўи Барномаи Эрасмус+ бо 6 лоиҳа: «MIND - Рушди навовариҳои идоракунии донишҷўён бо роҳи омўзиши онҳо дар марказҳои махсус ташкилкардашуда, тавассути гузаронидани тренингҳо ва курсҳои омўзишӣ» ва «TACES – Гузаронидани тадқиқотҳои байнифании (трансдисциплинарные) аврупоӣ дар Тоҷикистон», ҳаракати мобилӣ (кредитная мобильность) аз рўи барномаи Эрасмус плюс давоми лоиҳаи gSmart “Геоинформатика ва илмҳои пешрафта”  (Геоинформатика и пространственные науки), Лоиҳаи  (HiEdTec)  “Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир. ва Лоиҳаи (UNICAC) “University Cooperation for Knowledge Transfer in Central Asia and China” - "Ҳамкории донишгоҳҳо дар соҳаи интиқоли дониш дар Осиеи Марказӣ ва Чин" кор карда истодааст. Инчунин аз рўи лоиҳаи нави ҳаракати мобилӣ (кредитная мобильность) дар доираи барномаи Эрасмус плюс дар соҳаи “Туризм”  шартнома имзо гардид. Ин лоиҳа аз охири соли 2019 то соли 2021 кори худро давом медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳа модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир. Лоиҳаи (HiEdTec) барои баланд бардоштани иқтидори кадрҳои педагогӣ ва гузаронидани тренингҳо барои омўзгорони муассисаҳои олӣ, сафарҳои кўтоҳмуддат барои омўзиш дар донишгоҳҳои Аврупо ва барои таҷҳизонидани Марказҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар донишгоҳ барои 3 то синфхона ва 2 маркази инноватсионӣ таҷҳизотҳои замонавӣ (4 проектор-мультимедийный, 4 тахтаи сафеди калон, 4 моноблок, 4 адад компютер ва сервер) харидори карда шуданд.

Аз рўи барномаи «Стипендияи сафорати Ҳиндустон» дар донишгоҳҳои давлатии Ҳиндустон барои дарёфт намудани дараҷаи магистерӣ ва бозомўзӣ  тайи чанд сол зиёда аз 50 нафар донишҷў ва устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил менамоянд ва соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд. Барои  ҳамкории зич доштан бо ин донишгоҳҳо дар донишгоҳи мо барои кушодани  маркази омўзишии забонҳо маблағ аз тарафи Сафорати Ҳиндустон барои сохтмони ин марказ ва харидани таҷҳизот ҷудо  шуда буд.

        Инчунин аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ озмун барои гирифтани грантҳои тадқиқотӣ эълон гардид. Гурўҳи кории донишгоҳ  лоиҳаи “Рушди соҳибкории хурд ва миёна дар минтақаҳои кўҳии Осиёи Марказӣ” пешниҳод намуда, ғолиби грант гардиданд.

Соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев  як нафар донишҷў дар хориҷи кишвар дар зинаи бакалавр аз рўи барномаи байналмилалии  мубодилаи донишҷўён таҳсил намуд.

Аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ бо ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ озмун барои гирифтани грантҳои калон эълон гардид. Гурўҳи кории донишгоҳ ду лоиҳа “Ҷорӣ намудани инноватсия дар хизматрасонии системаи  таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар мувофиқа бо талаботҳои  ҳозиразамони бозори меҳнат” ва  “Маркази «Интеллект» -дастгирии донишҷўдухтарон дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев” пешниҳод намуданд.

Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд. Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев Созишномаи грантӣ аз 30.11.2018, №-10/2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ “Маркази «Интеллект» -дастгирии донишҷўдухтарон дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев” баста шуд ва ҳоло ин марказ фаъолияти босамар дорад.

Мақсади асосии лоиҳа – дастгири намудани донишҷўдухтарон дар баланд бардоштани фаъолнокии онҳо барои касби донишҳо ва малакаҳои нав, фароҳам овардани муҳити равонии солим ва созгор, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ дар хобгоҳ  ва омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона мебошанд.

Иштирок ва ғолибият дар озмунҳо

Дар донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯён ба олимпиадаи фаннӣ диққати зиёд дода мешавад. Донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола дар олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Аз тарафи Раёсати Донишгоҳ ба донишҷӯёни беҳтарин, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳо дода шудааст.

Соли равон се нафар донишҷӯи фаъоли донишгоҳ сазовори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

 

Ба ҷои охирсухан

Ба ҳамагон маълум аст, ки сифати таълим ба сифати кадрҳои педагогӣ, дараҷаи кордонию қобилияти эҷодкории онҳо вобастагии зич дорад. Имрӯз бо камоли қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ устодони ҳақиқии касби худ буда, доимо дар ҷустуҷӯи шаклу усулҳои самарабахши таълим мебошанд ва ба шогирдони худ донишҳои кофӣ дода, аз рӯи ихтисосҳои замонавӣ онҳоро чун мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ тарбия менамоянд. Донишгоҳ дорои нерӯи пурқуввати кадрӣ ва пойгоҳи хуби моддӣ — техникӣ буда, довталабоне, ки онро интихоб мекунанд, хато нахоҳанд кард. Бо дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ муҳассилин бо сарзамини афсонавии “Боми Ҷаҳон” ва мардуми сарбаланди он шинос хоҳанд шуд.

Log in

create an account