Хабарҳо

ТАМОШОИ АҲЛОНАИ ПАЁМ ДАР ДДХ

ХОРУҒ, 26. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 26 декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт.

Рафти Паёми Роҳбари давлатро чун дигар кормандони мақомоту идораҳои кишвар, роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони ДДХ тамошо карданд.

Мавриди зикр аст, ки аҳли Донишгоҳ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон баён гардиданд, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, баҳри ноил шудан ба дастовардҳои бештар дар соҳаи илму маориф ва таҳсилоти касбӣ тамоми кӯшишҳо худро ба харҷ хоҳанд дод.

Log in

create an account