Хабарҳо

ОҒОЗИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” оғоз гардид.

Дар оғоз муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, н. и. ф. Ҷумъа Беҳронов суханронӣ намуда, бори дигар муҳимияти озмун, иқдому ташаббус ва саҳми арзанда доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилу баргузории онро ба ҳозирин фаҳмонда дод.

Мавриди қайд аст, ки «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг, сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлол, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон доир мегардад.

Дар озмун оҳангсозон, сарояндагон, навозандагон, ҳунармандони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳия, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳои алоҳида иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли яккаву гурӯҳӣ пешниҳод менамоянд.

Ғолибон бо мукофоти гуногун қадрдонӣ шуда, беҳтаринҳо ба давраҳои минбаъдаи озмун роҳхат хоҳанд гирифт.

«ФМ»

Log in

create an account