Хабарҳо

Сипоснома ба Фонди “Соҳибкорӣ ва рушд”

ХОРУҒ, 23. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз Раёсати Донишгоҳ ба Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”дар ВМКБ баҳри ҳамкориҳои судманд бо ДДХ ва дастгириҳои пайвастаи донишгоҳ сипоснома тақдим намуд.

Бояд гуфт, фонди мазкур чанде пеш дар доираи Барномаи “Пешсаф” Донишгоҳи давлатии Хоруғро бо китобхонаи электронӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда, ҳоло донишҷӯёни донишгоҳ аз ин имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

khogu.tj

Log in

create an account