Хабарҳо

Омӯзгори ДДХ бо дипломи номзадӣ сарфароз шуд

ХОРУҒ, 17. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев профессор Шермамад Ҷонмамадов ба омӯзгори кафедраи таҳлили математикии факултети математика Давлатбеков Фирдавс Давлатбекович дипломи номзади илмҳои физика ва математикаро тақдим намуд.

Аҳли Донишгоҳ Ф. Давлатбековро барои сазовор шудан ба ин унвони илмӣ самимона табрик намуда, дар корҳои минбаъда ба ӯ барору комёбиҳои навро таманно доранд.

www.khogu.tj

 

Log in

create an account