Хабарҳо

Конференсия ба ифтихори 90 - солагии академик М. Назаршоев

ХОРУҒ, 17. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бахшида ба 90 - солагии академик Моёншо Назаршоев дар Донишгоҳ конференсияи илмӣ – назариявӣ доир гашт.

Чорабинии илмӣ бо ташаббуси кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ гузашта, дар он муовинони ректор, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштироку баромад карданд.

Профессори кафедраи таърихи умумӣ Ҳоҷибеков Э. дар мавзӯи “Нақши профессор М. Назаршоев дар инкишофи илми таърих” маърӯза намуда иброз дошт, ки саҳми академик М. Назаршоев дар рушди илму маориф, таъриху фарҳанг ва маънавиёти миллии кишвар бағоят бузург буда, ин марди шариф инчунин дар кирдору рафтор ва поквиҷдониаш маҳбуби дили ҳамагон гашта буд.

Дар конфронс Алимшоев Мамадризо, муовини ректор оид ба таълим ва дотсенти кафедраи таърихи умумӣ промуни “Моёншо Назаршоев олим, ходими сиёсию ҷамъиятӣ ва бунёдгузори Донишгоҳи давлатии Хоруғ”, Назархонова Мародбахт, донишҷӯи курси сеюми шуъбаи таърих оид ба“Ҳаёт ва фаъолияти академик М.Назаршоев”, Чоршанбиева Ойим, донишҷӯи курси сеюми шуъбаи таърих дар хусуси “Моёншо Назаршоев ходими бузурги давлатӣ” ва Давлатшоева Лайло, донишҷӯи курси сеюми шуъбаи таърих  оид ба “Фаъолияти педагогӣ ва илмии академик М Назаршоев”маърӯзаҳои пурмӯҳтаворо ироа намуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account