Хабарҳо

Маҳфили “Ҳуқуқшиносони ҷавон” дар ДДХ

ХОРУҒ, 12. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ бахшида Рӯзи ҳуқуқи инсон маҳфили “Ҳуқуқшиносони ҷавон”- ро ташкил ва баргузор намуд.

Дар маҳфил мудири Бахши ҳуқуқи инсон дар ВМКБ Қаландарбек Алихонов, декани факултет Лола Назархудоева ва устодони факулта Пайрав Мирзоашрафов, Насим Мамадсалимов, Гулчеҳра Карамшоева, Гулшер Дилдоров, Мақсуд Ақризоев ва донишҷӯёну ҳуқуқшиносони ҷавон ширкату баромад намуданд.

Дар доираи маҳфил инчунин конфересияи илмӣ – назариявӣ ба муносибати ин рӯз ва бозии интеллектуалӣ доир гашт.

Дар конфронс маърӯзаҳои “Аз таърихи пайдоиш ва ташаккули ғояи ҳуқуқи инсон”, “Мақоми ҳуқуқии инсон”, “Мақоми ҳуқуқи инсон ва мақоми иҷтимоӣ”, “Арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқҳои инсон” ироа гардиданд.

Иштирокдорон қайд намуданд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи фароҳам овардани шароити мусоид дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худогоҳии миллӣ, ҷиҳати дарк ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳим гузошта, дар назди қонун ҳамаи шаҳрвандон баробаранд ва ҳимояи ягонаи қонунӣ доранд.

Дар даври ниҳоии бозии интеллектуалӣ бошад донишҷӯёни курси 2  ва 3 – и шуъбаи таърих ва ҳуқуқи факултети болозикр ҷойи аввалро ишғол намуда, донишҷӯёни курси 3 – и шуъбаи таърих зинаи дуюм гирифтанд.

Ғолибону муҳассилини фаъолро декани факултет ва раиси Созмони ҷавонони факултет бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарафроз намуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account