Хабарҳо

Конференсияи илмӣ – назариявӣ ба ифтихори 120 – солагии Ш. Шоҳтемур

ХОРУҒ, 10. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бо ибтикори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳ ба ифтихори 120 – солагии Шириншо Шоҳтемур зери унвони “Нақши Шириншо Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷик” конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии илмӣ муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, мудири кафедраи болозикр Қурбоназар Тавуров, номзади илмҳои фалсафа ва дотсенти кафедра Ғарибшо Ғарибшоев  ва дигар устодони ДДХ иштироку баромад намуданд.

Қайд гардид, ки маҳз чунин фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик дар поягузории кохи мӯҳташами фарҳанги миллӣ, барафрохтани чароғи донишу маърифат ва рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Яке аз чунин фарзандони фарзонаи миллат Ш. Шоҳтемур буд. Қаҳрамоне ки на аз оилаи бойю сарватманд баромадааст, балки фарзанди деҳқон аз деҳаи Тишори ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадаҳшон буда, падару модараш зиндагии хеле қашшоқона дошта буданд.

 Дафтари рӯзгори Ш. Шоҳтемурро варақгардон намуда, кас ба хуби дарк мекунад, ки дар ҷамъият кам нафароне нестанд, ки ҳар лаҳзаи умр худро барои шукуфоии сарзамину диёр, рушди илму маориф сарфа намуда меҳнату кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд.

Дар конференсия А. Акрамов, ассистенти кафедра дар мавзӯи “Нақши Ш. Шоҳтемур дар таҳким бахшидани давлатдории ҳокимияти Шӯравӣ” Насим Саидраҳмонов, омӯзгори таърихи халқи тоҷик оид ба “Назаре ба ҳаёт ва фаъолияти Ш. Шоҳтемур”, П. Мирзоашрапов перомуни “Ш. Шоҳтемур – Қаҳрамони миллат” ва Ғ. Ғарибшоев дар бораи “Ш. Шоҳтемур – поягузори маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account