Хабарҳо

Семинари омӯзишӣ барои устодону донишҷўён

ХОРУҒ, 10. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Аз 9 то 13 декабри соли равон дар Донишгоҳ барои устодону донишҷўёни ДДХ семинари омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Семинар дар доираи мавзӯи “Истифодаи захираҳои табиӣ”, ки тавассути он тобистони соли равон шаш нафар устодони ДДХ дар курси такмили ихтисос ва бозомӯзии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок карда буданд, доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни такмили ихтисос омӯзгорон дар ДОМ давоми се ҳафта вобаста ба масъалаи рушди устувор 13 модулро аз худ карда буданд.

Аз ҷумла “Проблемы и возможности получения средств к существованию SM1”, “Горный туризм SM2”, “Воздействие землеустройства Опасности_3”, “Лекция по продовольственной безопасности_03 Часть A_CKS”, "Лекция по продовольственной безопасности, 04 часть B”, “Лекция по продовольственной безопасности, 05 часть C”, “Агробиоразнообразие_Часть А”, “Агробиоразнообразие_Часть Б”, “Агробиоразнообразие_Часть С”, “Disaster Risk Reduction_4”, “Деградация земель SM3”, “Устойчивое развитие”,“Изменение климата и стихийные бедствия см 2” аз чунин модулҳоянд.

Дарсҳои семинари феълан роҳандозишуда ҳам дар асоси барномаҳои муосир бо истифода аз техникаи инноватсионӣ гузашта, таҷрибаи андӯхтаи иштирокдорон дар раванди таълим, иҷроиши корҳои илмӣ, рисолаҳои хатм ва докторӣ ба кор бурда мешавад.

www.khogu.tj

Log in

create an account