Хабарҳо

Баррасии амалишавии лоиҳаи нави ДДХ

ХОРУҒ, 06. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Раёсати Донишгоҳ ва устодону олимони факултети биология ва факултаи илмҳои табиӣ рафти амалишавии лоҳияи нави ДДХ оид ба “Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талабатҳои бозори меҳнат” – ро баррасӣ намуданд.

Лоҳияи болозикр бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд / Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузорӣ, ки ҳанӯз соли 2015 бо маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуда буд.

Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019, №-04/1-2 бо маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ “Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талабатҳои бозори меҳнат” рӯи кор омад.

Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва бозори меҳнат тариқи ҷорӣ намудани инноватсия дар раванди таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рўи фанни «Экологияи минтақавӣ (барои минтақаҳои кўҳии Осиёи марказӣ)» мебошад.

www.khogu.tj

Log in

create an account