Хабарҳо

ҚАДРДОНӢ АЗ 15 НАФАР ВОЛОНТЁРОНИ ДДХ

ХОРУҒ, 05. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷавонон ва варзиши ВМКБ” ба муносибати Рӯзи байналмилалии волонтёрон ҷамъомаду чорабинии идона баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар чорабинӣ мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ Дидоршоҳ Насриддинов ва волонтёрони Донишгоҳ ширкат намуданд.

Нахуст ризокорону ҷавононро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков ва мудири шуъба ба ифтихори Рӯзи волонтёрон табрик намуда, дар фаъолиятҳои минбаъда барояшон комёбиҳои тозаро орзу карданд.

Бояд қайд кард, ки 15 волонтёрони Донишгоҳ бо ифтихорномаҳои сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят баҳри ҳиссаи сазовор доштан дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ - маърифатӣ мушарраф гаштанд.

Баъдан барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокдорон шуд.

www.khogu.tj

 

Log in

create an account