Хабарҳо

Мулоқот бо донишҷӯёну устодон ва аҳли маорифу илм

ХОРУҒ, 03. 12. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/.Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи хештаншиносию маърифати ҳуқуқӣ, фаъолона ширкат намудан дар маъракаҳои интихоботӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар таҳти роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Сайфиддин Давлатзода бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқот намуданд.

Инчунин дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ профессор Шермамад Ҷонмамадов ва коршиноси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Қодиров ва маорифчиёни ВМКБ иштироку баромад карданд.

Ба таъкиди С. Давлатзода Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамасола барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвару берун аз он кадрҳоро омода менамояд. Аммо ин кӯшишу ғайрати устодону омӯзгорони он баҳри ба камол расонидани кадрҳои воқеии  баландихтисос ҳанӯз ҳам кофӣ нест.

 -Феълан ба масоили ифротгароию терроризм ва хурофоту бегонпарастӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа бояд дошта бошем. Зеро ҷаҳони имрӯзаро технологияи иттилоотиву иртиботӣ фаро гирифтааст ва моро ба бӯҳрони сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ рӯ бар рӯ сохтааст. Муносибати аҳли ҷомеа низ ба ин падидаи нави технологӣ дорои ҷанбаҳои гуногун мебошад ва касоне, ки дорои фаҳмиши дурусти сиёсиву иҷтимоӣ ва иттилоотиро дорад метавонад худ ва наздиконашро аз ахбороти бофтаю фитнаҷӯёна наҷод диҳад. Вале онҳое ки аз чунин донишҳо дуранду тавононии таҳлили хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоиро надоранд, ба зудӣ фирефтаю гурӯҳҳои экстримистию террористӣ ва бунёдгаро мегарданд,- гуфт С. Давлатзода.

Бинобар ин, ҳарф фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба моҳияти илмии мафҳумҳои терроризму экстримизм, хурофоту бегонапарастӣ амиқан сарфаҳм равад.

Ҷ. Қодиров гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру низоми давлатдории мустақили худро дорад ва соли 2020 ду маъракаи муҳим дар пеш аст: аввали сол гузарондани интихоботи вакилони Маҷлиси Олии кишвар, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқу ҷамоатҳо ва ҳамзамон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2020 мебошад. Бинобар ин, яке аз самтҳои асосии давлатдорӣ ин баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии ҷомеа ва фарҳанги ташкилу баргузории интихобот аст.

Дар охир миёни гӯруҳи корӣ ва ҳозирин гуфтугӯи озод ба таври саволу чавоб ба вуқӯъ пайваст.

www.khogu.tj

 

 

Log in

create an account