Хабарҳо

Ҷамъбасти чорабиниҳои охирин: “Зури зеҳн”, “Шеъри беҳтарин”ва “Канӣ писарон?”

ХОРУҒ, 29. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Дар доираи силсилачорабиниҳои “Ҳафтаи хобгоҳ” дигар озмунҳои ҷолибу шавқовари донишгоҳӣ ҳам бомаром ҷамъбаст шуданд.

Ҳамин гуна, дар чорабинии “Шеъри беҳтарин” дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» 12 нафар навқаламон аз миёни донишҷӯёни хобгоҳҳои ДДХ иштироку баромад доштанд.

Аз рӯи натиҷаҳои охир доварон Қозибеков Алишер, донишҷӯйи курси 3 - и факултети педагогиро сазовори ҷойи аввал, Раҳмонов Мунир, магистранти факултаи таърих ва ҳуқуқро лоиқи ҷойи дувум ва Мамадалибекова Шукрона, донишҷӯйи курси 1 - и факултети филологияи тоҷикро сазовори ҷойи сеюм донистанд. Дар ин озмун иштирокдорон асосан шеърҳоро қироат карда, сипас дар мавзӯи болозикр ашъори гуногун навиштанд. Ғолибон бо ифтихорномаву мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Озмуни дигаре бо номи «Зури зеҳн» аз тарафи сохтори созмони ҷавонони факултети таърих ва ҳуқуқ гузаронида шуд.  Дар он чор даста аз ҳар ду хобгоҳ иштирок намуда, қобилияти зеҳниашонро санҷиданд.

Чорабинӣ дар ду давр баргузор шуда, дар даври аввал тимҳои “Умед” ва “Нигоҳ” аз бозӣ баромаданд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳои “Бадахшон ва “Комёб” бо ҳам рақобат карда, дар натиҷа  “Комёб” бо 754 хол бар дастаи рақиб (“Бадахшон” 432 хол) пирӯз шуд ва соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар чорабини охирини  “Канӣ писарон?”, ки бо ибтикори сохторҳои созмони ҷавонони факултети забонҳои хориҷӣ ва созмони ҷавонони факултети педагогӣ ба вуқӯъ пайваст, дастаҳои ҳар ду хобгоҳ , “Бадахшон” аз хобгоҳи № 2 ва  “Помир” – и хобгоҳи № 1 маҳорати худро санҷиданд. Дар охир “Помир” бо 294 хол бар дастаи “Бадахшон” (254 хол) ғолиб омада, зинаи аввалро гирифт.

Ғолибони ин чорабинӣ бошад аз тарафи раёсати Донишггоҳ бо ифтихорнома, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардида, баъдан баҳри болидахотирии ғолибону ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш шуд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни «Ҳафтаи хобгоҳ» бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, тарғиби китобхонӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз қабили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оммавияти варзиш миёни зиёда аз 600 нафар муҳассилину ҷавонони донишгоҳ доир гашт.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДХ Д. Насридинов

Log in

create an account