Хабарҳо

Ғолибияти гурӯҳи менеҷменти иҷтимоӣ дар викторина

ХОРУҒ, 29. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин дар факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев миёни донишҷӯёни курси 1 – и гурӯҳҳои менеҷменти иҷтимоӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ викторина баргузор гардид.

Чорабинӣ таҳти сарпарастии омӯзгорони кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултет Шоира Силталиева ва Соҷида Мардонаева рӯи кор омада, дар он инчунин дигар устодони кафедра ба сифати доварон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки викторина миёни дастаҳои “Бозор” ва “Ҷаҳони Пул” дар сатҳи баланд ташкилу баргузор шуда, ҳар ду дастаи донишҷӯёни гурӯҳҳои факултет шарт ва талаботҳои онро сарбаландона иҷро намуданд.

Мувофиқи қарори доварон дар чорабинӣ гурӯҳи менеҷменти иҷтимоӣ бо 108 хол бар гурӯҳи баҳисобгирии бухгалтерӣ (106 хол) пирӯз шуда, ҷойи аввалро ишғол кард.

Ғолибони викторина бо ифтихорномаҳои роҳбарияти факултет қадрдонӣ шуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account