Хабарҳо

Қадрдонӣ аз омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ

ХОРУҒ, 28. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ профессор Шермамад Ҷонмамадов омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ Мақсуд Ақризоевро бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ кард.

Тавре аз факулта иттилоъ доданд ин иқдом ба хотири иштироки фаъолонаи омӯзгор дар чорабиниҳои маърифатӣ – фарҳангӣ ва сиёсии донишгоҳву берун аз он, саҳми арзанда доштан дар таълиму тадрис ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён сурат гирифтааст.

Зикр бояд намуд, ки омӯзгори ҷавони М. Ақризоев инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ ҳиссаи сазовор дошта, аҳли донишгоҳ дар фаъолияту корҳои минбаъда барояш комёбиҳои навро таманно доранд.

www.khogu.tj

Log in

create an account