Хабарҳо

Идомаи чорабиниҳои «Ҳафтаи хобгоҳ» дар ДДХ

ХОРУҒ, 28. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Тавре иттилоъ дода будем бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносиву тарғиби китобхонӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз қабили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оммавияти варзиш миёни зиёда аз 600 нафар муҳассилину ҷавонони донишгоҳ озмуни «Ҳафтаи хобгоҳ» гузашт.

Ҳамин хел, дар мусобиқаи тениси рўи миз, ки миёни 30 нафар ҷавонписарону  43 нафар донишҷӯдухтарон сурат гирифт, танҳо шаш  нафар аз иштирокдорон ба даври финалӣ роҳ ёфтанд.

Аз рӯи натиҷаҳои даври охир ҷавондухтарон Шаҳбозова Лайло донишҷӯйи курси 2 - и факултети таърих ва ҳуқуқ соҳиби ҷойи аввал, Муборакшоева Аниса донишҷӯйи курси 2 - и факултети илмҳои табии мақоми дуюм ва Хайримамадова Хуршеда донишҷӯйи курси 3 - и факултети иқтисод зинаи сеюмро касб намуданд. Аз ҷавонписарон бошад Орифшоев Ҳофиз донишҷӯйи курси 2 - и факултети илмҳои таббиӣ ҷойи аввал, Тоҳирзодаи Сиёҳвуш донишҷӯйи курси 4 - и факултети   филология зинаи дувум ва  Орифшоев Мавлуд донишҷӯйи курси 3 - и факултети педагогӣ ҷойи сеюм гирифтанд.

Дар чорабинии “Кадбонуи моҳир” ки аз рӯи шартҳои саломнома, намоиши либоси миллӣ ва аврупоӣ, қироати шеър дар васфи модар, тақлид аз ҳофизи дӯстдошта, рақси миллӣ ва ё аврупоӣ шуда гузашт, 10 нафар донишҷӯдухтарон иштироку рақобат доштанд.

Дар охир аъзои ҳакамон се нафари беҳтаринҳоро интихоб намуданд, ки аз онҳо Мамадалибекова Ҷамила дониҷӯйи курси 3 - и факултети забонҳои хориҷӣ сазовори ҷойи аввал, Мирзоева Шоира донишҷӯйи курси 4 - и факултети забонҳои хориҷӣ сазовори ҷойи дуввум ва Одинаева Шукрона мақоми сеюмро касб намуданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Оид ба натиҷаҳои дигар чорабиниҳо баъдтар маълумот медиҳем...

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири шуъбаи

 кор бо ҷавонони ДДХ

 

Log in

create an account