Хабарҳо

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон

ХОРУҒ, 28. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бо иштироки роҳбарият ва олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гашт.

Дар асоси рӯзномаи ҷаласа нахуст мудири шуъбаи илм ва инноватсия Ҳ. Элназарова оид ба Барномаи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020 ахборот пешниҳод намуд.

Перомуни рафти иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020 муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Т. Содатқадамова маълумот дод.

Дар хусуси вазъи таълиму тарбия дар факултети биология бошад раиси комиссияи санҷишӣ А. Насрадиншоев ахброт дода, сипас масъалаҳои ҷорӣ қабул гардиданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account