Хабарҳо

Донишҷӯёни ДДХ гирандагони стипендияи Президентӣ шуданд

ХОРУҒ, 28. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/.Тибқи муқаррароти Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соли таҳсили 2019 – 2020 беҳтарин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегарданд.

Ҳамин гуна, аз факутети таърих ва ҳуқуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев се нафар донишҷӯён гирандагони стипендияи Президентӣ шуданд. Яъне дар асоси муқаррароти Мушовара аз факултети болозикр донишҷӯёни курси сеюм, Гулбибӣ Яминшоева бо ихтисоси кори иҷтимоӣ, Мародбахт Назархонова ва Рангина Тавакалова бо ихтисоси таърих сазовори стипендияи Президентӣ дониста шуданд.

www.khogu.tj

 

Log in

create an account