Хабарҳо

«Ҳафтаи хобгоҳ» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ

ХОРУҒ, 27. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи қисми тарбияи Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо ҳадафи дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносиву тарғиби китобхонӣ ва оммавияти варзиш миёни зиёда аз 600 нафар муҳассилину ҷавонони донишгоҳ дар хобгоҳҳои №1 ва 2 - и донишҷўён озмуни «Ҳафтаи хобгоҳ» баргузор гардид.

Ҳамин тавр,  аз тарафи Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ миёни донишҷўёни хобгоҳ чорабиниҳои гуногун, машғулиятҳои варзишӣ – фарҳангӣ ва маърифатӣ роҳандозӣ шуданд.

Нахуст дар доираи озмун чорабинии «Ҳуҷраи беҳтарин» гузашта, тибқи иттилои комиссияи он хобгоҳи № 1, ҳуҷраи 1- и мардона ҷойи аввал гирифт ва дар хобгоҳи духтарона бошад ҳуҷраи 57 беҳтарин утоқ дониста шуда, зинаи аввалро ишғол намуд. Дар хобгоҳи № 2 аз миёни утоқҳои ҷавонписарон ҳуҷраи 34 - ум сазовори ҷойи аввал дониста шуда, аз духтарон ҳуҷраи № 42 мақоми аввал гирифт.Соҳибони утоқҳои зикршуда бо ифтихорномаву мукофотҳои хотиравии Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ қадрдонӣ гардиданд.

Дар муосбиқаи шоҳмотбозӣ, ки бо ибтикори сохтори созмони ҷавонони факултети педагогӣ гузаронида шуд, аз миёни ҷавонписарон Шогунбеков Замир, донишҷӯйи курси 3-и факултети педагогӣ мақоми аввалро ба даст овард. Ҷойи дуюм насиби Иқболов Ноил, донишҷӯйи курси 4 - и факултети филология ва Нуриддинов Фаромуз ҷойи сеюмро ишғол намуд. Аз байни ҷавондухтарон Улуғбекова Ёсуман сазовори ҷойи аввал ва Ҷумъахонова Ёсимин зинаи дуюмро соҳиб гашт. Ғолибони ин чорабинӣ бо ифтихорномаи ректор ва мукофотпулӣ мушарраф шуданд. Оид ба натиҷаҳои дигар чорабиниҳои «Ҳафтаи хобгоҳ» баъдтар маълумот хоҳем дод…

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири шуъбаи

 кор бо ҷавонони ДДХ

Log in

create an account