Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчам дар факутети таърих ва ҳуқуқ

ХОРУҒ, 23. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факутети таърих ва ҳуқуқ конференсияи илмӣ - амалӣ ва чорабинии идона доир гашт.

Устодону омӯзгорони факултет дар хусуси пайдоиш ва муҳиммияти Парчами миллӣ маърӯзаву маълумотҳои муфид пешниҳод карда, донишҷӯёни курси 2 – факултет бошад дар васфи ливои миллӣ ашъори баландмазмунро  қироат карданд. Инчунин муҳассилин тариқи се забон, яъне забонҳои давлатӣ, русиву англисӣ номаҳои табрикотиро хонданд.

Дар фарҷом декани факултет Лола Назархудоева ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику таҳният карда, риштаи суханро ба муовини декани факултет оид ба тарбия Гулчеҳра Карамшоева дод.

Г. Карамшоева дар навбати худ баҳри дар сатҳи баланд гузаштани чорабинӣ ба созмони ҷавонон ва омӯзгорону муҳассилини факулта изҳори миннатдорӣ баён кард.

Н. Наврузқулов

Log in

create an account