Хабарҳо

ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

ХОРУҒ, 23. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Бо ташаббуси факултети математикаву кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар толори хониши Донишгоҳ бо унвони “Парчам – рамзи Истиқлолияти миллӣ” конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии илмӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, сардори Раёсати таълим Ҷамшед Заргаров, роҳбарияту омӯзгорон ва саромӯзгорони факултету кафедраи болозикр ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Парчами давлатӣ  рӯзи 24 - уми ноябри соли 1992 дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзҳои сарнавиштсозу истиқлолхоҳии халқи тоҷик аз ҷониби Шӯрои таърихии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда ба яке аз муқаддасоти миллию давлатӣ табдил ёфт.Инак, бисту ҳафт сол аст, ки мардуми сарбаланди мо дар зери ливои миллӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даст зада, давлати навинро бунёд менамоянд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамчун зодаи даврони истиқлолият сол аз сол рушд намуда,  ҳайати профессорон омӯзгорони он дар зери Парчам сиёсати давлатсозии миллӣ ва созандаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, наслҳои ҷавонро чун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва худогоҳу меҳанпараст ба камол мерасонанд.

Таҳмина Содатқадамова, муовини

ректор оид ба илм ва инноватсия

Саромӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Ҷаббор Хуҷаназаров дар мавзӯи “Парчам – рамзи сарбаландии миллат” маърӯза карда зикр намуд, ки эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллию давлатӣ рисолати ҳар як фарди ватандӯсту баору номуси миллат буда, маҳз ин муқаддасот моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят месозанд.

Дар чорабинӣ инчунин мавзӯҳои омӯзгорон дар хусуси “Парчами миллӣ – баёнгари арзишҳои милливу сиёсӣ”, “Парчами миллат бошад дар кафи дастони мо” ироа шуда, муҳассилин донишгоҳ бошанд беҳтарин ашъору маърӯзаҳоро перомуни Парчам пешкаш намуданд.

www.khogu.tj

 

 

 

Log in

create an account