Хабарҳо

Роҳпаймоиву чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчам

ХОРУҒ, 22 ноябр. /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/.

Имрӯз аҳли Донишгоҳ дар роҳпаймоӣ ва чорабинии тантанавӣ, ки  ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, иштирок намуданд.

Устодону муҳассилин ва кормандони ДДХ бо роҳбарии ректори Донишгоҳ профессор Шермамад Ҷонмамадов дар қатори дигар идораву муассисаҳои маҳаллӣ аз варзишгоҳи марказӣ то майдони Исмоили Сомонӣ бо Парчами муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиору овезаҳо ҳаракат карданд.

Дар Боғи Парчами майдони болозикр ҳозиринро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, муовинони аввали раисони вилояту шаҳр Алишер Мирзонаботов ва Зуробек Бурибекзода ба муносибати ҷашн табрику таҳният намуданд.

Баъдан барномаи хотирмони консертӣ идомабахши чорабиниҳои ҷашнӣ гардид.

Дидоршоҳ НАСРИДДИНОВ, мудири Шубаи

кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Log in

create an account