Хабарҳо

Иқдоми неке баҳри арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат

ХОРУҒ, 16. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 16 ноябр бо иқдоми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ декани факултет Лола Назархудоева муовинони ректори ДДХ ва омӯзгорону донишҷӯёнро ба ифтихори ҷашн табрику таҳният гуфта, баҳри фаъолияти минбаъда, содиқ будан дар кору пешаи худ, сармашқи ҳаёти хеш қарор додани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба устодон комёбиҳои нав ба навро таманно кард.

Донишҷӯёну муҳассилини факултет бошанд дар навбати худ оид ба Мактаби сарварии Пешвои миллат, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти Ҷаноби Олӣ ва шуҷоату хирдаманди ин шахсияти нотакрор ва маҳбуби миллат маърузаҳои пурмӯҳтаворо ироа намуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account