Хабарҳо

СИПОСНОМАИ РАЁСАТИ ДДХ БА «ПОМИРЭНЕРҶӢ»

Муҳтарам директори генералии Ширкати барқии«Помирэнерҷӣ», Далер Ҷумъаев!

Мусаллам аст, ки дар замони пешин ва имрўзи мо шахсиятҳо ва чеҳраҳои зиёде маъруф ҳастанд, ки бо кору кирдори нек, амали покашон писанди тамоми мардум гаштаанд. Онҳоро мардум ҳамеша арҷ мегузоранд ва некномиашонро  дар саҳифаи дилу ёдҳо сабту ҳифз намуда, ба наслҳои баъд аз худ интиқол медоданд. Аз қадимулайём байни мардуми тамаддунофари Шарқ сифати эҳсону накўкорӣ аз олитарин ахлоқи башарӣ эътироф гардида, қиссаҳои ҷолиб ва шигифтангези Ҳотами Тойи эҳсонкору накўтинату поксиришт барои оламиён маълуму машҳур гаштаанд.

Муҳтарам, Далер Ҷумъаев! Шумо як фарзанди баору номуси миллати тоҷик ҳастед, ки доиман ба афроду ниёзманд, ба муассисаҳои давлатӣ кўмакҳо намудаед ва ин амали Шумо ҳамеша вирди забонҳост.

Барои ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ дар асоси стандарти ҷаҳонӣ ва ҷавобгў ба талаботи замони муосир саҳми босазо гузошта, алъон боз Шумо таҳҷизоти нави муосирро барои Донишгоҳи мо дастрас намудед.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба Шумо барои дастгирии ҳамешагӣ, кўмакҳо ва ғамхориҳои беназире, ки барои пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати донишандўзии мутахассисони ояндаи кишвар ва таҳкими базаи моддӣ-техникии ин богоҳи олии таълимӣ ва илмӣ мусоидат менамоянд, изҳори ташаккур мекунад.

Таманно мекунем, ки ҳамеша сарбаланд, тансиҳату хушбахт, хонаобод, шоду хурсанд ва обрўманд ,бимонед!

Бо эҳтиромӣ самимӣ,

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Шермамад Ҷонмамадов

Log in

create an account