Хабарҳо

Конференсияи илмӣ – амалӣ: “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ВАҲДАТ”

ХОРУҒ, 13. 11. 2019 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 13 ноябр бахшида ба Рӯзи Президент дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зери унвони “Пешвои миллат - меъмори Истиқлолияту Ваҳдат” конференсияи илмӣ – амалӣ доир шуд, ки дар он олимону омӯзгорон, магистрантону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок ва баромад карданд.

Азатшо Насридиншоев, декани факултети филология зимни ифтитоҳи чорабинии илмӣ иброз намуд, ки таърихи фоҷиабори солҳои 90 – ум барои миллати тоҷик фаромӯшнашаванда буда, барои ҳар як фарди миллат шарту зарур аст, то аз он сабақ гиранду ба ояндаи хеш бо назари ҳақиқатбинона нигаранд.

Гурезагиву гуруснагӣ ва қатлу ғорате, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардум овард набояд аз хотири касе равад. Ва месазад, ки дар бораи паёмадҳои ҷангу хунрезӣ пайваста ҳарф занем ва нагузорем чунин давраи мудҳиш замоне аз нав такрор ёбад. Маҳз фарзанди фарзонаи миллат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷангу кашмакашиҳои дохилӣ нуқта гузошт ва кишварро аз вартаи парокандагиву миллатро аз нобудӣ наҷот дод. Хизматҳои ин шахсияти бузург барои миллату давлатамон бесобиқаанд.

Азатшо НАСРИДИНШОЕВ, декани факултети филология

Таҳмина Содатқадамова, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия гуфт, ки дар марҳилаи имрўзаи таърихӣ баҳри бунёди ҷомеаи навин, инкишофи давлатдории тоҷик, таъмини рушди босуботи он дар доираи ҷараёнҳои умумиҷаҳонӣ омўзиши фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пажуҳишгоҳи президентӣ чун таъминкунандаи тавозуни баробари фаъолияти идоракунӣ баҳри ташаккули андешаи миллӣ аҳамияти калони илмӣ доранд. Зеро Пешвои миллати мо замоне ба сари ҳокимият омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буду онро хавфи нобудӣ таҳдид менамуд. Аммо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон талошҳои бемислу монанде кардаанд, то мардумро сарҷамъу муттаҳид созанду Тоҷикистонро чун давлати мустақилу ҳуқуқбунёд ва ташаббускор дар арсаи олам маъруф намоянд.

Дар коференсия инчунин мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Дидоршоҳ Насриддинов, магистранти курси аввали бахши филологияи тоҷик, Шаробов Д, донишҷӯи курси аввали факултети болозикр дар мавзӯъҳои “Мақоми Пешвои миллат дар эҷодиёти Ширин Бунёд”,“Инъикоси мавзӯи Пешвои миллат дар эҷодиёти шоирони тоҷик”, “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдату Истиқлолият” маърӯзаҳо намуда, Меҳмоншоева Д, донишҷӯи курси дуюми ин факултет дар васфи Пешвои миллат ашъори пурмазмунро қироат кард.

Ҳамзамон дар як гӯшаи толор ба муносибати Рӯзи Президент асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърази тамошо гузошта шуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account