Хабарҳо

Сафарҳои Президент мисли оина ба ҳама маълум аст Featured

Роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта,

дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ба ҳар роҳ мекӯшанд аз хориҷи кишвар истода ба сўи Тоҷикистон санге андозанд. Онҳо мехоҳанд ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва худро ҷабрдида вонамуд кунанд, то аз дастгирии молиявию маънавии созмонҳои аврупоӣ ва сарпарастони хориҷиашон бархӯрдор бошанд.

Онҳоро бухсу ҳасад ва нотавонбинӣ чунон зер кардааст, ки ҳатто аз сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо ва дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Аврупоӣ дилтангу нигарон гардида, ҳамеша бо баҳонаҳои хушку холӣ ба мисли он ки гўё Сарвари давлат “тариқи пинҳонба кишварҳои Аврупоӣ сафар меунанд”, гўё ба “хотири манфиати шахсӣ мераванд” ва монанди инҳо шиорпартоӣ мекунанд. Чунин як шиорпартоии бемантиқу ҳарисона чанде пеш дар сомонаҳои беноми ин ташкилоти терористӣ экстримистӣ қабл аз сафари Президент ба Аврупо пайдо гардид. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамон рўзе ки ин хабар пайдо гардид, ки гўё роҳбари давлат тариқи пинҳонӣ ба Аврупо сафар мекунанд, Пешвои миллат вакилони Аврупоро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд ва бо онҳо суҳбатҳо ҳам доштанд.

Ин худобехабарони худбохта ҳиҷ гоҳ ҷонибдори Тоҷикистони азиз набуданду нестанд ва ҳамеша бо ҳар роҳу восита кўшиш намуданд аз Тоҷикистон чизеро баранду чизеро аз худ кунанду мардумро ба доми фиреб андозанд. Ин кор ба ҷое расид, ки мардум аз найрангбозиву фитнаи онҳо огоҳ гардида ,аз роҳбарияти кишвар хост фаъолияти онҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ намоянд. Чун ҳодисаи соли 2015 дараҷаи аълои бесарусомонии аъзоён ва роҳбарони ин ҳизби терористӣ дар замони Истиқлолиият буд. Бо ҳамовозӣ ба қарори қабулнамудаи Тоҷикистон дар мавриди терористӣ эълон намудани ин ҳизб бархе аз созмонҳои байналмилалӣ низ терористу экстимист будани ҲНИ-ро эътироф намуданд.

Вале то ҳанўз ин худбохтагони манқурт мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба сўи Тоҷикистон санг зананд ва ё бо маблаѓгузории хоҷагони хориҷиашон бо таъсиси сомонаву гурўҳҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи Тоҷикистонро доѓдор намоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти Роҳбари давлат шаффоф буда, ҳиҷ вақт пинҳони ба ҳиҷ маҳале ё кишваре сафар намекунанд. Вактҳои охир сафарҳои роҳбари давлат ба минтақаҳои Тоҷикистон ва рўҳияи идонаи мардум гувоҳи ин гуфтаҳост. Ё ин ки ширкат дар фаормуҳои байналмилалӣ, минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки қариб ҳар сол чандин маротиба роҳбари тоҷикон дар ин минбарҳои баланд на танҳо баромад, балки пешниҳодҳои муфид ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мекунанд, ки ҳамеша қобили қабул дониста мешавад,  мисоли ин гуфтаҳост. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди эълон гардадани “Солҳои оби тоза” ва “Об барои рушди устувор” аз мисолҳои рўшани он мебошад.

Ҳамчунин, тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ҷараёни ҳар як сафари хеш Президенти кишвар бо як шодмонӣ ва хушҳолӣ ба кишвар бармегарданд, чун аниқ аст, ки ҳар як сафар дар пай имзои созишномаву қарорҳои нави ҳамкорӣ ва густариши ҳамкориҳои наву созандаро дар бар мегирад. Ҳар боре ки роҳбари давлат ба як кишвар сафар мекунад, садҳо созишномаву қарориҳои нав дар мавриди рушди соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон имзо ва амалӣ мешавад. Баъди ин сафар ҳамоно ин кишварҳо ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд ва ҳамкории густурдаи худро ба роҳ мемонанд.

Мантиқан низ ҳиҷ наметавон гуфт, ки роҳбари як кишвар пинҳонӣ ба як давлати дигар сафар кунад. Ин сафари як одами оддӣ нест, ки пинҳонӣ сурат гирад. Ҳамаи он аз рўи протокол ва расмиёт аст, ки пештар мувофиқа мешавад.

Роҳбарон ва аъзоёни ташкилоти терористӣ ва экстрмитсии наҳзат, ки худ ҳамеша пинҳони ба кишварҳое, ки хоҷагонашон ба сар мебаранд, сафар мекунанду бо халтаҳои пури маблаѓҳои ҳароми хоҷагонашон баргашта бар зидди Тоҷикистон сангпартоӣ мекунанд, фикр мекунанд, роҳбари як давлат низ ҳамин гуна пиннҳонӣ сафар мекунад. Вале ин тавр нест. Роҳбари давлат ҳиҷ гоҳ пинҳонӣ ба як кишвари дигар мисли шумо-наҳзатиҳо сафар нахоҳад кард ва ҳар сафари Пешвои миллат мисли оина ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон маълум аст. Ва ҳар як сафари роҳбари давлат дар пай навигариву ҳамкории густурдаро дар пай дорад.

 

Ёралии Набӣ

 

Log in

create an account