Хабарҳо

Конференсияи илмӣ – амалӣ: «КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ»

Бахшида ба 25 - солагии Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони «Конститутсия - роҳнамои давлати соҳибистиқлол» конференсияи  илмӣ – амалӣ баргузор гашт.

Дар чорабинӣ муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, ректори Донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, ноиби ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров ва устодону донишҷӯён иштироку баромад намуданд.

Қайд гардид, ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мантиқан натиҷаи амалӣ шудани аввалин тадбирҳои мушаххаси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати миллӣ буда, маҳз бо иқдому талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мувофиқи талаботҳои муносибатҳои нави ҷамъиятӣ аввалин маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994  Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон  қабул гардид.

Халқи Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард. Андешаи соҳибихтиёрӣ дар Конститутсия ба худ хусусияти меъёрӣ гирифта, халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст.

Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили иттиҳодияҳои ҷамиятӣ муқаррар намуда, ба ташакулли ҷомеаи шаҳрвандӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва инкишофи мўътадили кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иродаи халқро дар қабули Конститутсия шарти муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо дар бунёди ҷомеаи боадолат арзёбӣ намудааст: «Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ, созандагӣ реша дорад, ба ояандаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рўидааст. Он моро ба ояндаи неку обод раҳнамоӣ мекунад».

Муҳимтарин аҳамияти қабули Конститутсия он буд, ки он истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро даққиқу аниқ муайян сохт ва ҳаёти ҷамъиятиро комилан ба маҷрои конститутсионӣ баргардонд.

Дидоршоҳ НАСРИДДИНОВ, мудири Шуъбаи

кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

www.khogu.tj

Log in

create an account