Хабарҳо

ОЗМУНИ “ДАРСХОНАИ БЕҲТАРИН” ДАР ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ

Бахшида ба Рӯзи муаллимон дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озмуни “Дарсхонаи беҳтарин” баргузор гашт.

Нахуст Лола Назархудоева, декани факултет омӯзгоронро ба муносибати идашон самимон табрик намуда, барои аҳли созмони ҷавонони факулет, ки ташаббускори асосии озмун буданд, изҳори миннатдорӣ баён кард.

Зикр шуд, ки маҳз эҳтироми хоссаи муҳассилин нисбати омӯзгорону ҷавонон аст, ки чорабиниҳои гуногунро баҳри ба ҳам омадани онҳо баргузор менамоянд.

Насим Саидраҳмонов, ёвари ректори ДДХ ва омӯзгори факултет бори дигар донишҷӯёнро бо таъриху пайдоиши факулта ва дастовардҳои олимону муаллимони кафедраҳо шинос намуд.

Ҳамин гуна, дар озмун гурӯҳи таърих  “3” ҷойи якум гирифта,  гурӯҳи таърих ва ҳуқуқ “4” зинаи дуюму гурӯҳи таърих ва ҳуқуқ “3” ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Дар рафти озмун донишҷӯён ашъору саҳначаҳои ҷолибу диданӣ пешкаш намуда, аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.

Дар фарҷом барои сарпарастони гурӯҳҳо ифтихорномаи ректор ва тӯҳфаҳои хотиравии Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ такдим гардид.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

Log in

create an account