Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ЗАБОН ВА ИДИ МУАЛЛИМОН ДАР ДДХ

Бахшида ба Рўзи забони давлатӣ ва иди касбии муаллимон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки Раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст ректори ДДХ, профессор Шермамад Ҷонмамадов ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои фархунда табрику таҳният гуфта, ба омӯзгорон машъалфурӯзони ҷомеа дар фаъолиятҳои баъдина комёбиҳои нав ба навро таманно кард.

Роҳбарияи донишгоҳ аз ҷумла иброз намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои  бостонӣ  ва бойтарини забонҳои ҷаҳон аст, ки тавассути он нобиғаҳое чун Рўдакӣ, Фирдавсию Сино, Мавлавию Ҷомӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав ва Камоли Хуҷандӣ сухан  карда, асарҳои безаволу оламгир офаридаанд.

 Дар робита ба ҳифзи забон дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат ҳам бамаврид зикр доштааст: “Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост”.

Муаллим ва забондонӣ бешубҳа ба ҳамдигар дар алоқаи ногусастанӣ қарор доранд. Маҳз санъати сухан ва фарҳанги забондониро барои ҳар як шогирд омўзгор меомўзонад. Дар диёри куҳанбунёди мо муаллим обрӯю эътибор ва маҳбубияти дерин дорад. Садсолҳо қабл аз ин ниёгони хирадпешаи мо омӯзгорро «Чароғи маҳфил», «Густаришгари аклу хиради солим» номидаанд ва нисбати омӯзгор ҳамчун машъалбардори маърифат ва наҷотдиҳандаи ҷомеа аз ҷаҳолату торикӣ, эҳтироми хосае доштанд.

Шермамад ҶОНМАМАДОВ, ректори Донишгоҳи

давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Сипас роҳбарияти ДДХ ба омӯзгорон тӯҳфаю мукофотпулӣ тақдим намуда, барномаи рангини фарҳангии сарояндагон ва ҳаваскорони Донишгоҳ пешкаши аҳли толор гашт.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

Log in

create an account