Хабарҳо

ЗАБОН – РУШДУ КАМОЛОТИ МИЛЛАТ

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев зери унвони «Зарурияти омӯзиши таҳлилии забони тоҷикӣ – асоси инкишофи давлатдорӣ ва пояи миллат» конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гашт.

Чорабинии илмӣ ба ифтихори Рўзи забони давлатӣ гузашта, дар он муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, доктори илмҳои филология, профессор Муқбилшо Аламшоев, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ Дидоршоҳ Насриддинов, кормандони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.

Қайд шуд, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии тоҷикон буда, он барои ҳар як шахси ватандӯст азизу арзишманд аст. Зеро фақат ба воситаи забони давлатӣ метавон таъриху фарҳанги пурғановати хешро пос дошту муҳиммияти онро ба наслҳои минбаъда талқин кард. Барои ҳамин рушди минбаъда ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳоло ҳам ҷиддият мехоҳад.

Дар конференсия хамзамон мавзӯъҳои “Забон - як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист”,”Забон – рушду камолоти миллат”, “Муҳиммияти тафаккури бадеӣ дар омӯзиши забон”,“Маъноофаринии рақамҳои математикӣ дар забони тоҷикӣ”, “Забони давлатӣ баёнгари Ваҳдати миллӣ”, “Забон ва ҳуввияти миллат”,“Ҳолати имрӯзаи забони тоҷикӣ”, “Забони тоҷикӣ - асоси худшиносӣ ва ваҳдати миллию фарҳангии халқи тоҷик” ва “Семантическая связь фразеологизмов шугнанского языка с реалиями действительности” мавриди муҳокима қарор гирифтанд.  

Javonon.tj

Log in

create an account