Хабарҳо

ҚАДРДОНӢ АЗ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ

Ба ифтихори Рӯзи муаллимон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ибтикори созмони ҷавонони факултети биология чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Нахуст Мамадризо Алимшоев, муовини ректор оид таълим омӯзгорони донишгоҳро ба муносибати рӯзи идашон табрик намуда, дар кору фаъолиятҳои минбаъда ба онҳо барору комёбиҳо таманно кард.

Акбар Мамадризохонов, декани факултет иброз дошт, ки аз ҳама муҳим ин эҳтирому таваҷҷӯҳи муҳассилин ба кори устодон буда, ин рафтор худ беҳтарин ҳадяи шогирдон аст.

Баъди ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтавои донишҷӯён, қироати ашъор дар васфи муаллим, садорати факултети биология ва созмони ҷавонони факулта роҳбарият ва омӯзгорони ДДХ – ро бо ифтихорномаву мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Фирдавс Имомзода, раиси созмони

ҷавонони факултети биология

Log in

create an account