Хабарҳо

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РЎЗИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Бахшида ба Рўзи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёт ва санъати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар мавзўи “Гуфтугў бо осори Мавлоно” семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, ноиби ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев, котиби масъули Шуъбаи нависандагони Тоҷикистон дар ВМКБ Лаълҷубаи Мирзоҳасан, мудири кафедра Ҷумъа Беҳронов ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштироку баромад намуданд.

Пас аз суханронии роҳбарияти донишгоҳ устод Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар мавзўи «Рўзгор ва осори Мавлоно. Маснавии Маънавӣ» нақл намуда, инчунин перомуни рўзгор ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ миёни ҳозирин баҳси озод сурат гирифт.

www.khogu.tj

 

Log in

create an account