Хабарҳо

НИШАСТИ САҲА – МАЙДОНИ ШАРМСОРИИ «ПАЙМОНИ МИЛЛӢ»!!!

Имрўзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба вазъи имрўзаи сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳое ба назар мерасанд, ки аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дуранд. Ман ҳамчун модар ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қатъият изҳор медорам, ки имрўз он суханони иғвоангезе, ки аз тарафи ба ном мухолифони қонунӣ, вале дар асл манфиатхоҳони иғвогар аз қабили ҲНИ, Гурўҳи 24, Паймони миллӣ ва дигар гурўҳҳои террористиву экстремистӣ дар нишасти навбатии САҲА дар Варшава садо медиҳанд, сафсатагўие беш нест.

Ин ғуломони хоҷагони хориҷӣ, ки маблағҳои бедарди миёнро аз ҳисоби чунин иғво ба даст меоранд, тамоми кўшиши худро бар он равона месозанд, то ба хотири ҷуброни маблағҳои гирифтаашон ба чашми мардум хокпошӣ намуда, худро ҳомиёни мардум ва муҳофизони ҳуқуқи башар нишон диҳанд.

Нафароне, ки дар роҳи ободии Тоҷикистони азиз заррае саҳм надоранд, ба хотири созандагии он коре анҷом надодаанд, бо кадом ақлу шармашон аз номи мардуми сарбаланди тоҷик ҳарф мезананд? Оё онҳо боре андеша намекунанд, ки ҳар як сухани ғаразноку беасоси онҳо, ки дар бораи вазъи кунунии Тоҷикистон дар ин нишаст садо медиҳад, боз як қадамест дар роҳи шарманда кардани худи онҳо ва «паймон»-и ба ном таъсисдодаи онҳо.

Бори аввал нест, ки Тоҷикистон  чун як диёри аз ҷиҳати амниятӣ бехатар аз ҷониби сомонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳои арзанда мегирад. Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, кайҳо ибратомўзи ҷаҳониён гардидаст.

Ин ҳама дастоварду ободкориҳое, ки имрўз босуръат дар Тоҷикистони азиз ба амал омада истодаанд, он хоинони миллати сарбаланди тоҷикро, ки имрўз дар хориҷа худро чун паноҳандагони сиёсӣ муаррифӣ кардаву дар ҳавои доираи хоҷагони хориҷии худ мерақсанд, ором намегузорад, зеро ҳар  як маблағи ба дастовардаи онҳо маҳз ба хотири ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистони азиз барояшон пардохт карда мешавад. Ва онҳо ҳам шарм накарда худро бо овози баланд дар хориҷа намояндаи миллати сарбаланди тоҷик муаррифӣ мекунанду дар асл мехоҳанд бо амалҳои нопоки худ манфиатҳои шахсиашонро ҳимоя намоянд. Оё онҳо боре андеша накардаанд, ки бо кадом амали «нек»-и худ аз номи ин мардуми сарбаланд ҳарф мезананд. Ин суханони пур аз иғво ва дур аз ҳақиқате, ки аз ҷониби онҳо садо медиҳанд, магар бадию бадхоҳии онҳо нисбати халқу миллати тоҷик нест??? Онҳо боре андеша накардаанд, ки

 Сад бор бадӣ кардию шармӣ ту наомад.

Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?

 

Шояд ҳар яке аз онҳо чун як шаҳрванд норозигии худро изҳор карда метавонанд, вале ягон нафари онҳо ҳуқуқи аз номи мардуми тоҷик сухан гуфтан надоранд. Миллати тоҷик роҳбар дорад, роҳнамо дорад, Пешво дорад!!! Пешвое, ки баҳри оромии ин сарзамин, баҳри озодии ин мардум, баҳри ба ҳам овардани ин миллат ва баҳри аз вартаи нестӣ наҷот додани ин давлат ҷонбозиҳо кардаву имрўз ҳар як тоҷики бонангу ор бо номаш ифтихор дорад.

Бо боварии комил метавон гуфт, он нафароне, ки ба ном «паймон» таъсис додаанд, бо ин «паймон»-и дурўғини худ дар назди наслҳои оянда чун як гурўҳи хоини миллат ва душмани халқи тоҷик боқӣ мемонанд (агар касе аз онҳо ёд кунад!!!). Оё ҳамин нафарони пулпарасту худхоҳ ва хоҷагони хориҷии онҳо набуданд, ки як маротиба халқи тоҷикро ба вартаи ҷанг тела доданд? Чун фаъолияти хоинонаи онҳо зери номи «наҳзатӣ» ягон натиҷа надоду онҳоро дар назди мардум шармсору шарманда кард, онҳо ба хотири рўпўш кардани нокомиву нобарориҳои худ боз як «паймон»-и дурўғинро эълон карданд, ки он ҳам як дасисае беш нест. Обу нони ин Ватан заҳрашон бод, ки аз дур ба сўяш санг меандозанд.

Нишасти навбатии САҲА, ки ин гурўҳи хоинони Ватан аз қабили Кабирию дигар ҳаммаслаконаш дар он ҷуз «лўхтакбозӣ» дигар нақше надоранд, бори дигар нияту нақшаҳои ғаразноки онҳоро ба мардуми тоҷик ва тамоми ҷаҳониён аён месозад, зеро онҳо аз нокомии худ ин нишастро ба як майдони қассосгирӣ ва ноором сохтани авзои сиёсӣ дар Тоҷикистон истифода карда истодаанд.

Хушбахтона, имрўз халқи тоҷик чеҳраи аслии онҳоро шинохтаву кўшиш мекунанд, ки ҷавобан ба амалҳои муғризонаи онҳо дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар саҳмгузорӣ намоянд.

Зинда бод, Тоҷикистони азиз таҳти роҳбариву роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!!!

 Нилуфар Асламшоева,

сокини ноҳияи Шуғнон, ВМКБ,

муовини сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ

Log in

create an account