Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯИ ДДХ

Дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) бо ибтикори омӯзгорону донишҷӯёни факултет дар мавзӯи “Роғун – иншооти муҳимтарини аср” конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректори ДДХ оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров ифтитоҳ намуда азҷумла иброз дошт, ки иқтидори лоиҳавии НБО - и “Роғун” ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад ва ба ҳадафи чорумии стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръат мусоидат намояд.

Дар конференсия инчунин муҳассилини факулта ва омӯзгорони кафедраи биоэкология ва туризм оид ба муҳиммияти “Роғун” мавзӯъҳои гуногунро ироа намуданд.

Фирдавс Имомзода, раиси созмони

 ҷавонони факултети биология

 

Log in

create an account