Хабарҳо

МУЛОҚОТИ САФИРИ ҲИНДУСТОН БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Сингх бо ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев профессор Шермамад Ҷонмамадов ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуд.

Пас аз ифтитоҳи расмии Маркази фарҳангии Ҳиндустон дар ДДХ Вираҷ Сингх аз намоишгоҳи дастовардҳои олимону омӯзгорон, муҳассилини донишгоҳ, марказҳои инноватсионию кабинети лингофонӣ ва лабораторияҳои таълимӣ дидан карда, ба фаъолияти донишгоҳ баҳои баланд дод.

Зимни мулоқот қайд шуд, ки ҳамкории муассисаҳои олии таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳинд дар самти таҳкими илму фарҳанг ва маънавиёт ба манфиати ҳар ду кишвар буда, ҷиҳати бозомӯзии омузгорону донишҷӯён ва омӯхтани илмҳои муосир минбаъд ҳам тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

Инчунин ба муносибати ташрифи меҳмони воломақом дар ДДХ барномаи хотирмони фарҳангӣ гузашт, ки ба ҳозирин хеле писанд омад.

www.khogu.tj

 

  

Log in

create an account