Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ

Бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев (ДДХ) бо ибтикори Донишгоҳву ҳамкории Институти илмҳои гуманитарӣ ба  номи  Баҳодур Искандаров ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон зери унвони “Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ баргузор гашт.

Дар кори конференсия ректори ДДХ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, мудири Бахши таҳлилӣ ва  иттилоотии дастгоҳи Раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят, олимону омӯзгорони муассисаҳои олии касбии таълимӣ ва донишҷӯён иштироку баромад намуданд.

Нахуст Ш. Ҷонмамадов ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузурги миллату давлат табрик намуда қайд кард, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди шахсияти ҳар як шаҳрванд дар меҳвари андешаи миллӣ, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ шароити воқеӣ фароҳам овард.

  Доираи инкишофи мустақил барои ҳар шаҳрванд чи аз нуқтаи назари сиёсӣ ва чи ҳуқуқӣ таъмин карда шуд. Феълан кишвар рў ба тараққӣ ниҳода, дар он баъзе сохтмонҳои азими аср алакай анҷом ёфта, дигар корҳои созандагию бундёдкорӣ бомаром идома доранд. Таҳкими давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи кишвар, инкишофи мўътадили ҷомеа дар доираи раванди конститутсионӣ шарти муҳим мебошад

- афзуд ректори ДДХ.

Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ аз номи раиси вилоят ҳозиринро ба муносибати Ид самимона таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳоло дастовардҳо соҳибистиқлолӣ натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд, балки берун аз он ба туфайли тоҷикистониёни бонангу оре, ки дар хориҷа қарор доранду дар рушду пешрафти меҳанашон ҳиссагузорӣ менамоянд, назаррасанд: «Ба ягонагиву миллату давлат ва таҳкими  соҳибистиқлолии мамлакат маҳз Иҷлосияи 16 - уми Шуроӣ олӣ замина гузошту феълан тамоми шаҳрвандони бонанги кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш сарҷамъу муттаҳиданд ва ин худ гувоҳи беҳтарин дастоварди тоҷикистониён аст».

Дар чорабинӣ инчунин маърӯзаҳои “Файзу баракати  истиқлолият ва ваҳдати  миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон”, “Дастовардҳои институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков дар даврони иктиклолият”, “Истиқлолият дастоварди бузурги давлат”, “Ҷавонони даврони Истиқлолият”, “Институти илмҳои гуманитарӣ-зодаи Истиқлолият”, “Гиромидошти Шириншоҳ Шоҳтемур”, “Истиқлолияти  давлатӣ ва ташаккули  ҷомеаи  шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Дар мисоли ВМКБ)”, “Истиқлолияти миллӣ аз назари Муҳаммад Иқбол”,“Ҳунари шерозабофӣ ва  рушди он дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гаштанд.

 

Log in

create an account