Хабарҳо

МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА” – И УСТОДИ ДДХ

Чанде қабл дар дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Бояд гуфт, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон, роҳсозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ буданд.

Боиси ифтихор ва фараҳмандии аҳли Донишгоҳии давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аст, ки дар баробари дигар омӯзгорон устоди Донишгоҳ, ноиби ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров бо медали “Хизмати шоиста” аз тарафи Пешвои миллат мушарраф шуд.

Log in

create an account