Хабарҳо

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ДДХ БО ДОВТАЛАБОНУ ДОНИШҶӮЁН

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев профессор Шермамад Ҷонмамадов дар толори умумии донишгоҳ бо довтлабон ва донишҷӯёни ДДХ мулоқот намуд.

Инчунин дар вохурӣ ноиби ректор оид ба таълими донишгоҳ Алимшо Мамадризоев, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, ноиби ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кормандони ДДХ шикрат намуданд.

Қайд гардид, ки ҳоло ҳамагуна шароиту имкониятҳои таҳсилу бозомӯзӣ дар  Донишгоҳи давлатии Хоруғ фароҳам оварда шуда, муҳассилин аз онҳо бояд пурсамар баҳра гиранд.

Дар мулоқот инчунин омодагии ҷиддӣ ба ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту ваҳдат, шароити хобгоҳҳои донишгоҳ ва дигар масоили марбут мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

www.khogu.tj

Log in

create an account