Хабарҳо

ИШТИРОКИ АҲЛИ ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ ДАР ҶАШНИ ВАҲДАТ

Дар шаҳри Хоруғ имрӯз, 27 июн ба муносибати 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳпаймоӣ ва чорабинии идона доир гашт. Аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳам дар баробари дигар идораву сохторҳои ВМКБ таҳти роҳбарии ректори ДДХ, профессор Шермамад Ҷонмамадов бо шиору овезаҳо, аксҳои Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчаму Нишон ва дигар муқаддасоти давлатӣ аз пеши Донишгоҳ то Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр роҳ паймуданд.

Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ омӯзгорону кормандон китобу адабиётҳо ва маҳсулу дастовардҳои Донишгоҳро дар намоишгоҳи идона гузошта, иштирокдорони ид аз он дидан карданд.

Сипас аҳли ДДХ ба тамошои барномаи консертии омоданамудаи беҳтарин ҳофизону санъаткорони вилоят рафтанд.

www.khogu.tj

 

Log in

create an account