Хабарҳо

ВАҲДАТ – КАФОЛАТИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Қисмати дуюми конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ - бақои миллат» имрӯз, 20 июн дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев гузашт.

Дар чорабинии илмӣ Мирзоҳасанов Л., номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёт ва санъат, Валимуҳамадхон Г. В, омӯзгор, Шоинбеков Аловиддин., н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи  умумӣ, Беҳрон Ҷ., н.и.ф., мудири кафедраи адабиёт ва санъат, Мародбекова Савсан., ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, Лутфишоев Абдулсаид., ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, Назархудоева Лола., н.и.ф., декани факултети таърих ва ҳуқуқ, Сафармамадова Нуқра., ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, Васила Шоҳниёзова, ассистенти кафедараи фалсафа ва сиёсатшиносиву Мунира Таваккалова, мудири кафедраи фалсафа дар мавзӯъҳои “Ваҳдат – кафолати ҳастии миллат”, “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ”, “Ҳидоятҳои Мавлоно Ҳозир Имом дар таҳкими сулҳу Ваҳдати тоҷикон”, “Васфи Ваҳдат дар ашъори шоирони Бадахшон”, “Ваҳдати миллӣ ва давлатдории миллӣ”, "Мафҳуми Ваҳдат дар осори фалсафии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ",“Таҳаммулпазирӣ - унсури таҳкимбахши Ваҳдат», «Ҷавонон нурбахши  Ваҳдатанд» баромад намуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account