Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ДАР ХОРУҒ

Бо ибтикори Донишгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва ҳамкории Мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ имрӯз, 20 июн дар толори асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ширкати муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят ва Шурои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Ёдгор Файзов, раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати  миллӣ  ва  эҳёи  Тоҷикистон  Мирзошоҳрух Асрорӣ ва ректори Донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ зери унвони “Ваҳдати миллӣ - бақои миллат” оғоз гашт.

Инчунин дар чорабинӣ роҳбарон ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ, аҳли маориф, олимону зиёиёни ҷумҳурӣ, собиқадорон, омӯзгорон ва донишҷӯёну ҷавонон иштирок намуданд.

Аввалан раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳозиринро ба ифтихори 22 – юмин солгарди Рӯзи Ваҳдат табрик намуда гуфт, ки ин санаи бузург барои миллати тоҷик воқеан муқаддасу гиромӣ аст, зеро маҳз дар ин рӯз халқи мо аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфт:

“Бо шарофати меъмори ин раванди тақдирсоз, шахсияти таърихӣ ва нобиғаи замон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботу ягонагии комил дар кишвар гиромӣ дошта шуда, самараву меваи шаҳдбори он насиби халқи биҳиштосоямон гашт.

Ҳозир худамон шоҳиди ҳолем, ки дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон муноқиша, кашмакашиҳою хунрезӣ ва норомиҳо идома ёфта, миллионҳо нафар қурбони онҳо шудаанд. Баъзе одамон бехонаву дар монда, ба давлатҳои бегона гуреза гардиданд. Бинобар ин, барои кишварҳои ҷангзада чунин таҷрибаи тоҷикон ҳоло низ ҳамчун обу ҳаво зарур буда, бевосита ба якпорчагию соҳибихтиёрии онҳо мусоидат хоҳад кард”- афзуд раиси вилоят.

Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати  миллӣ  ва  эҳёи  Тоҷикистон  М. Асрорӣ дар навбати худ қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ дар воқеъ таҳкурсии истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, он маҳсули хиради волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки конференсия то 21 июни соли ҷорӣ давом ёфта, дар он мавзӯъҳои «Асосҳои ҳуввияти миллӣ ва бўҳрони ҳуввиятӣ», “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор кардани Ваҳдати миллӣ дар кишвар”, “Нақши Ваҳдати  миллӣ дар таҳкими Истиқлолият”,“Ваҳдат – кафолати ҳастии миллат”, «Нангу номуси миллӣ - қувваи сафарбаркунанда баҳри пешрафти кишвар», “Роҳбари ташаббускор ва пешбари миллат”, ”Саҳми ҷавонони Тоҷикистон дар тарғиб ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ”, “Нақши  Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанги миллӣ: Саразми бостон”,“Сулҳу Ваҳдати миллӣ заминаест баҳри пешбурди таълиму тарбия”, “Сулҳу ваҳдат дар эҷодиёти шоирони тоҷику форс”,“Таҳаммулпазирӣ унсури таҳкимбахши Ваҳдат», «Рушди  таҳамулпазирӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», “Молодёжь созидательная сила общество”,«Ваҳдати Миллӣ – роҳ ба  сўи созандагӣ», «Ҷавонон нурбахши  Ваҳдатанд»,“Хидмати беназири Пешвои муаззами миллат барои рушди дини ислом”, “Сарвари давлат ва ҷавонони даврони Истиқлолият», “Ваҳдати миллӣ омили тахкимбахши оила”, “Сулҳи тоҷикон ибрати беназир барои ҷаҳониён аст”, “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори “Ваҳдати миллӣ” ироа мегарданд.

 

www.khogu.tj

Log in

create an account