Хабарҳо

ҶОМИ ШУЪБАИ ҶАВОНОНРО “РОШТҚАЛЪА 1” СОҲИБ ШУД

Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев миёни ҳашт дастаи донишҷӯёни хобгоҳҳои Донишгоҳ мусобиқаи футбол баргузор намуд.

Тавре Дидоршоҳ Насриддинов мудири шуъба иттилоъ дод, дар мусобиқа асосан муҳассилин аз ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа баҳри ба даст овардани Ҷоми шуъба бо ҳам рақобат карданд.

Ҳамин тавр, дар даври охир тимҳои “Роштқалъа 1” ва “Ишкошим” бозӣ карда, дар натиҷа “Роштқалъа 1” дастаи рақибро бо ҳисоби 3 :  0 шикаст дод ва ҷомро соҳиб шуд. Ҷойи сеюмро дастаи “Роштқалъа 2” гирифт.

Ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз шуданд.

www.javonon.tj

 

Log in

create an account